КОРХОНАИ ХИШТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар натиҷаи ҳамкории мутахассисони Тоҷикистон ва Чин дар деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи нави хишт сохта ба истифода дода шуд. Корхона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Алиев ва ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» бунёд гардид. Дар маросими кушодашавии корхона муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва роҳбари ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» Ли Ҷенҷун иштирок намуданд. ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2006 фаъолият дорад. Бо маблағи он 20 июли соли 2007 дар деҳаи «Тезгари-поён»-и ҷамоати деҳаи «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи хишт сохта шуда буд. Корхона бо техника ва технологияи замонавӣ ҷиҳозонида иқтидори солонаи он 8 млн. дона хишти аълосифат мебошад. Дар он 100 нафар коргар кор мекунад, 70 % коргарони он сокинони маҳаллӣ мебошанд. Барои сохтани корхона 250 ҳазор доллари ШМА сарф карда шуд. Арзиши асли як дона хишти ин корхонаҳо 28 дирам буда, бо усули шартномавӣ фурӯхта мешавад. Ба кор даромадани ин корхонаҳо ба ғанӣ гардонидани буҷети давлат мусоидат менамояд, гуфт А. Алиев.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






