ЛОИҲАИ ТАНДУРУСТИИ ЗАМИНАВӢ ВА ҶАМОАВӢ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ дар 41 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон, бо аҳолии зиёда аз 4,5 миллион (65% аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) амалӣ мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод. Дар вилояти Хатлон ҳудуди фарогирии Лоиҳа 25 ноҳия бо шумораи умумии аҳолӣ 2,4 милллион нафар, дар вилояти Суғд бошад — 16 ноҳия бо шумораи умумии 2,1 миллион нафар мебошанд. Лоиҳа омӯзиши 22 нафар кормандони Вазорати тандурустӣ, Раёсатҳои тандурустии вилояти Суғд ва Хатлон ва сардухтурони беморхонаҳои марказии ноҳияҳоро дар шаҳрҳои Бишкек, Москва, Санкт-Петербург дар мавзӯъҳои ислоҳоти молиявӣ, пурқувват намудани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, амалӣ гардонидани системаи компютери иттилоотӣ ташкил кардааст. Инчунин, натиҷаҳои мониторинги омӯзиши доираи фарогириаш васеъ, ки онро 250 нафар кормандони тиб бо асосҳои идоракунии тандурустӣ, 1367 нафар бо менеҷменти молиявӣ ва 628 нафар бо малакаҳои компютерӣ нишон дод, ки ба ҳисоби миёна, зиёда аз 80% шунавандагон сатҳи хуби донишро соҳибанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






