МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲҲОРО ҶОНИБДОРӢ

Июль 23, 2009 15:22

                   Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми палатаи болоии парлумони кишвар 23 июл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Дар асоси ин қонун дар Тоҷикистон роҳҳо пулакӣ мегарданд. Дар аксар кишварҳои мутараққии дунё дар ҳоле роҳҳо пулакӣ мешаванд, ки дар паҳлӯяшон роҳҳои алтернативии бепул вуҷуд дорад. Мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофии худ, ки 93-% -аш кӯҳистон аст сохтмони роҳҳои алтернативии бепул дар кишварамон аз имкон берун мебошад.                  Тавре дар иҷлосия зикр гардид ин қонун бо мақсади дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳҳои ҷумҳурӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ барои ронандагон ва мусофирон, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ таъмиру таҷдиди хушсифати онҳо таҳия ва қабул карда шудааст.                   Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкурро моҳе қабл, аниқтараш, 23 июн вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул намуда буданд. Зимни муҳокимаи он вакилони Маҷлиси намояндагон Юсуфҷон Ахмедов ва Шодӣ Шабдолов мухолифи пулакӣ намудани роҳҳои ҷумҳурӣ гардида, таъкид карда буданд, ки ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур ба моддаи 24 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф буда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд менамояд.                   Интизор меравад, ки Қонуни мазкур рӯзҳои наздик аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расида, мавриди амал қарор бигирад.

Июль 23, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд