МАҶЛИСИ ШЎРОИ ҶАВОНОНИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» маҷлиси навбатии Шӯрои масъалаҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ оғоз гардид. Тавре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зикр кард, маҷлиси навбатии Шӯро дар чаҳорчӯбаи соли ҷавонони ИДМ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳим баррасӣ мегарданд. Инчунин дар маҷлис лоиҳаи барномаи стратегии ҳамкории байналхалқии созмонҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ муҳокима мешавад, ки онро вазорати маорифи Белорусия таҳия ва пешниҳод намудааст. Ҳадафи барнома баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллию шаҳрвандии ҷавонон, тарғибу ташвиқи принсипҳои таҳаммулпазирӣ, афзун гардондани фаъолияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва варзишии ҷавонон мебошад. Амалӣ намудани барнома ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолонатар ширкат варзанд. Иштирокчиёни маҷлис ҳамзамон масъалаҳои дастгирии ҷавонон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва амсоли инҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






