МУЛОҚОТҲОИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ ДАР МИСР
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирокаш дар мулоқоти 15 — уми сарони давлатҳои аъзои Ҷунбиши ғайримунсалик дар шаҳри Шарм уш Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Лабид Абовӣ мулоқот кард. Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои минтақавию байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳашон табодули назар намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи тадбирҳои идонаи бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам маълумот дод. Лабид Абовӣ ба тадбирҳои идонаи бахшида ба Имоми Аъзам мароқ зоҳир намуда, зикр кард, ки намояндагони мамлакаташ дар симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Мероси илмии Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи фарҳангҳо» иштирок хоҳанд кард. Симпозиуми мазкур аввали моҳи октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо инчунин бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта мулоқот анҷом дод. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ муҳокима намуда, аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






