МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНИ БАЛАНДПОЯИ ҲУКУМАТИ РУСИЯ

Июль 6, 2009 08:37

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.                Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.                Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.                Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.                Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ — сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд.

Июль 6, 2009 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа