МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ
Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Аз пурра омода гаштани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва аз татбиқи амалии дигар мувофиқаҳои бадастомада, аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва гудохтаҳои Маскав дар шаҳри Душанбе соли оянда ифтитоҳ меёбанд. Оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дмитрий Медведев омодагии ҷониби Русияро ба идома додани иштирок дар бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд. Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба қарор омаданд, ки дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф бунёд ёбад. Аз ҷараёни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистону Покистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва доир ба роҳҳои мубориза бо зуҳуроти терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ намуданд. Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба як Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодабарии Нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-1» ба имзо расид. Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 12 нафар шаҳрвандони Русия, ки дар сохт мони нерӯгоҳи обии Сангтӯда — 1 ба муваффақияту комёбиҳои зиёд мушарраф шуда, дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва мубодилаи донишу таҷриба миёни бинокорони ду кишвар саҳми намоён гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд. Аз ҷумла 1 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 1 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 1», 3 нафар бо ордени «шараф дараҷаи 2», 7 нафари дигар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд. Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев низ дар навбати худ ба ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон — бинокорони нерӯгоҳи обии Сангтӯда — 1 мукофотҳои давлатии кишвари худро тақдим намуд. 3 нафар бо ордени «Шараф» (орден «Почета») ва 9 нафари дигар бо ордени «Дӯстӣ» (орден «Дружбы») сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






