МУСОБИҚАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ОСИЁ ДАР КУҶО БАРГУЗОР МЕГАРДАД?
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Мутахассисони Конфедератсияи футболи Осиё майдонҳои варзишии мамлакатҳои муддаиро барои гузаронидани қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқоти қаҳрамонӣ барои ба даст овардани ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё аз санҷиш мегузаронанд. Аз ҷумла корманди Конфедератсияи футболи Осиё Алишер Никимбоев чанд рӯз пеш ба Тоҷикистон омад. Вай майдони варзишии «Металлург»-и шаҳри Турсунзодаро аз назар гузаронд. Тавре, ки маълум аст дастаи футболбозони «Регар-Тадаз» дар мусобиқаи футболбозони қитъаи Осиё ширкат варзида, ба қувваозмоиҳои хотимавии он роҳхат гирифт. Дастаи мазкур барои гузаронидани қувваозмоиҳои нимфиналии мусобиқоти мазкур ба Конфедератсияи футболи Осиё ариза додааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Қирғизистон ҳам мехоҳад қувваозмоиҳои мазкур дар майдонҳои варзишии он гузаронида шаванд. Дастаҳои футболбозони Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Покистон дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқоти қаҳрамонӣ барои ба даст овардани ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ширкат меварзанд. Дастаи «Регар-Тадаз» солҳои 2005 ва 2008 ду маротиба ҷоми мазкурро ба даст оварда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






