Н. ШАРИФОВ: «РИСОЛАТИ АСЛИИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР АСТ»
Чанде пеш дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати сифати маҳсулот, хизматрасонӣ дар бозори дохилии истеъмолии мамлакат эродҳо гирифта шуда буд.Дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти «Тоҷикстандарт» тасмим гирифта шуд, ки дар бозорҳои мамлакат омӯзиш гузаронида, вазъи дар кадом ҳолат қарор доштани бозорҳои истеъмолӣ- хизматрасонӣ ва сифати маҳсулотро муайян намояд. Вобаста ба ин масъала, хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сардори раёсати нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Назрулло Шарифов муроҷиат кард. Мавсуф гуфт, ки вобаста ба супоришҳои Сардори давлат нисбати сифати маҳсулот, хизматрасонӣ дар бозори истеъмолии мамлакат ва ташаббуси роҳбарияти «Тоҷикстандарт» дар бораи соли 2009 -ро эълон намудани соли ба танзимдарории бозори истеъмолӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Дар тамоми бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ омӯзиш гузаронида шуд, ки ҳадафи он муайян кардани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ буд. Ба тамоми зерсохторҳо супориш дода шуд, ки омӯзиши ҳолати вазъи хизматрасониро дар бозорҳо ба роҳ монанд. Баъди омӯзиш дар тамоми бозорҳои мамлакат мо ба раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо пешниҳод баромадем. Ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта семинар-машваратҳои корӣ гузаронида шуд. Аввалин семинар-машварат бо намояндагони Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот», дастгоҳи марказии «Тоҷикматлубот» бо роҳбарони бозорҳои ноҳияҳои тобеи марказ, яъне аз шаҳри Турсунзода сар карда, то ноҳияи Ҷиргатол ва Тавилдара дар шаҳри Душанбе дар моҳи феврал гузаронида шуд. Чунин семинар-машваратҳо дар маркази вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуданд. Инчунин, кормандони раёсати нозироти савдои «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо кормандони «Тоҷикматлубот» ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимкунандаи бозор ва бозордорӣ -1066 -2005 «Хизматрасонӣ дар бозорҳо»- ро ба тамоми масъулини бозорҳо дастрас намуданд. Дар семинар-машварат нақшаи чорабиниҳои рафъ кардани камбудиҳо дар фаъолияти бозорҳои «Тоҷикматлубот» иборат аз 27 банд аз ҷониби Раисони «Тоҷикстандарт» ва «Тоҷикматлубот» ба имзо расид. Ин бандҳо аз ҳамон омӯзише, ки дар бозорҳо гузаронида шуд, гурӯҳбандӣ гардиданд. — Дар фаъолияти бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ кадом камбудиҳо ҷой доранд?Агар мутассадиёни бозорҳо фаъолияташонро дуруст ба роҳ монанд камбудиҳо ҳалли худро меёбанд. Он аз раисони бозорҳо, назоратчиёни бозор духтурони бозор, нозирони минтақавии милиса, вобастагии ҷиддӣ дорад. Як камбудие, ки имрӯз характери оммавӣ гирифтааст ин дар ҷойҳое муқаррарношуда- дар гузаргоҳҳо, дар рӯи замин, дар байни қаторҳо ба роҳ мондани савдо мебошад. Ҳол он, ки ҳар як бозор ғунҷоиши худро дорад, ҳар раста ҷои худро дорад. Мисол, дар як бозор аз рӯи ғунҷоиш барои 450 нафар ҷой муайян шуда бошад, барои савдо, дар онҷо чӣ хел 1000 нафарро ҷой карда мешавад. Мутаасифона имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки аз дари даромад, яке дар болои замин нон гузошта савдо дорад, дигаре моҳию чакка ва сеюми ҷӯроб савдо менамояд.Яъне, фарҳанги савдо дар бозорҳои истеъмолӣ риоя карда намешавад , дар ин масъала чӣ бояд кард? Яке аз нуктаҳое, ки мо масъалагузорӣ намудаем дуруст ба роҳ мондани фаъолияти бозорҳост. Агар мо хизматрасонӣ, ташкили корро аз рӯи ҳуҷҷати меъёрӣ ба роҳ монем дар бозори истеъмолӣ ягон камбудӣ мушоҳида нахоҳад шуд. Сониян, ташкил намудани лавҳа бо нишондоди тобеъияти идоравӣ, реҷаи корӣ, нишондоди қатораҳо бо номгӯ. Зеро дар аксар мавридҳо ҳангоми омӯзиши фаъолияти бозорҳои истеъмолӣ маълум мешавад, ки он бозор чӣ ном дорад дар тобеъияти кадом идора аст, яъне ё шахсист ё ҷамъиятист маълум нест. Агар шумо дар бозорҳо эътибор дода бошед ҳар як қатор ё растаҳои махсус ҳаст, мисол растаи нон, сабзавот, меваҷот, шириниҳо ҳатман бояд ҳамин растаҳо номгузорӣ карда шаванд. Ба мисли растаи нон, растаи меваҳои хушк, растаи маҳсулоти ширӣ ва ғайра. Бояд ин масъала аз ҷониби мутасаддиёни бозорҳо ба ҷо оварда шаванд. Алҳол, ин масъла дар бештари бозорҳо риоя карда мешавад. Мо чанде пеш дар бозорҳои Ҳисор, Турсунзода мушоҳида гузаронидем. Гуфта метавонам, ки ин масъала насби лавҳаҳои характери фаҳмондадеҳӣ дошта, дар бозори шаҳри Турсунзода ба таври хуб ба роҳ монда шудааст. Дар бозорҳои раёсати савдои шаҳри Душанбе низ омӯзиш гузаронидем ва натиҷаи онҳоро бо нақша -чорабинӣ пешниҳод кардем. Он аз сӯи Мақомоти шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфт ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Оиди тақвият бахшидан ба фаъолияти босамари корхонаҳои фаръии бозорҳои зертобеъи КВД Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе дар соли 2009» ба имзо расид. Дар асоси ин қарор нақша-чорбаиниҳои бартараф намудани проблемаҳо дар бозорҳои пойтахт тасдиқ шуд. Дар як семинар-машварате, ки дар Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуд, ба роҳбарони бозорҳо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо нақша-чорабиниҳо, бо нақшаи гузаронидани санҷишҳои назоратӣ таъмин гардиданд. Дар робита нақша -чорабинӣ тартиб дода шуд, ки имрӯз аз рӯи он дар бозорҳо кор бурда мешавад. Ҳолати иҷроиши онро дар мисоли бозори «Шоҳмансур» зимни як машварати назариявӣ натиҷагирӣ намудем. Дар мавриди риояи масоҳат ва ғунҷоиши растаҳо дар бозорҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Дар ин масъала камбудиҳо ҷой доранд. Назар ба ақидаи директорони бозорҳо, роҳбарияти бозор ба хотири бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва пайдо намудани мардум ризқу рӯзии худро аз бозор, маҷбуранд, ки новобаста ба меъёри ғунҷоиши савдои муқаррарӣ, ки 1, 5 метр муайян шудааст, камтар ҷой муайян намоянд. Нозироти савдо рисолати худро ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ то чӣ андоза иҷро менамояд? Ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи меъёру қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолият барои пешгирӣ кардани сӯйистифода дар соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва роҳ надодан ба воридшавии молҳои бесифат ба бозори истеъмолӣ, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ аз вазифаҳои аслии нозироти савдост. Дар асоси мувофиқатномаи ҳамкорӣ боз низомнома дар бораи ба танзим даровардани фаъолияти намояндаи «Тоҷикстандарт» дар системаи «Тоҷикматлубот» ба имзо расид.Дар ин маврид дар бозорҳои тобеъи «Тоҷикматлубот» як намояндаи «Тоҷикстандарт»- ро ба таври доимӣ вобаста намудаем. Ҳар он масъалае, ки нисбати бозору бозордорӣ ва байни «Тоҷикстандарт» ва «Тоҷикматлубот» ба миён меояд, ба намояндаи «Тоҷикстандарт» муроҷиат менамоянд. Дигар аз ҳар раёсату шӯъба рафта, ба кори бозорҳо, халал намерасонанд. Мисли солҳои пешин аз якчанд раёсат рафта ба кори онҳо халал мерасониданд.Дар ин маврид низоми солҳои пешин шикаста шуд. Ҳоло як нафар мутассадӣ аст. Сифати маҳсулот чӣ тавр муайян карда мешавад? Имрӯз дар назди ҳар як бозор бояд озмоишгоҳ бошад, мақсади онҳо назорати доимӣ бурдан аз болои он маҳсулоти хӯрокворие, ки ба бозорҳо ворид мешаванд. Дар тамоми бозорҳои хӯроквории ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳо вуҷуд доранд. Мувофиқи маълумоти шӯъбаи ваколатдиҳии озмоишгоҳҳои Дастгоҳи марказии «Тоҷикстандарт» тамоми озмоишгоҳҳое, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳамаи онҳо аз акредетатсияи «Тоҷикстандарт» бояд гузашта бошанд. Яъне ваколатнома дошта бошанд. Аммо то ҳол он амалӣ нагардидааст. Мо инро масъалагузорӣ кардаем ба вазоратҳои дахлдор — вазорати кишоварзӣ, тандурустӣ, яъне дархост пешниҳод кардем, онҳо бояд озмоишгоҳҳои худро аз акрдетатсия гузаронанд. Ин кор рафта истодааст. Оё вақтҳои наздик дар бозорҳои ҷумҳурӣ насби озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст? 17 феврали соли 2009 роҳбарияти «Тоҷикстандарт» бо роҳбарияти «Тоҷикматлубот» ба мувофиқа омаданд, ки дар давоми соли 2009 -ум 6 озмоишгоҳи замонавӣ дар 6 бозори калони ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода шавад. Тамоми он таҷҳизоти озмоишгоҳҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба мисли Русия, Олмон ва Чин ворид карда шудааст. Ин озмоишгоҳҳо дар бозорҳои марказии ноҳияи Ҳисор, шаҳрҳои Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Исфараю Истаравшан насб карда мешаванд. Дар семоҳаи сеюми соли равон насби озмоишгоҳҳо ба анҷом расонида мешаванд. Фаъолияти озмоишгоҳҳо барои муайян намудани сифати молу маҳслуоти ба бозор воридшаванда, нақши калон доранд. Зеро шаҳрвандон ҳангоми харидани маҳсулот, ки нисбати он шубҳа доранд, метавонанд дарҳол маҳсулотро дар озмоишгоҳои бозор ташхис намоянд. Мақсад ҳам таъмини бехатарии маҳсулот дар бозори истеъмолист. Теъдоди бозорҳо дар ҷумҳурӣ ба чанд адад мерасад? Ба ҳолати 1 январи соли 2009 дар ҷумҳурӣ 297 бозор ба қайд гирифта шудааст. 116 бозор ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тобеъ аст, 11 бозор ба тобеъияти Мақомоти маҳаллӣ як қисми бозорҳои шаҳри Душанбе мисол, «Саховат», «Баракат», «Шоҳмансур», «Деҳқон» ва ғайра, ки дар тобеъияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд ва 170 бозори ҷумҳурӣ -бозорҳои хусусӣ мебошанд. Аз ин теъдод 159 адад бозори хӯрокворӣ, 27 бозори маводи сохтмонӣ, 34 бозори маҳсулоти саноатӣ, 69 бозори фурӯши чорво ва бозори фурӯши нақлиёт 10 адад мебошанд. Харидорон бояд имрӯз серталаб бошанд. Агар онҳо рафта, аз мағозаю дӯконҳо маҳсулоти мӯҳлаташ гузашта ва вайроншударо харидорӣ кунанд дар ин маврид худи онҳо гунаҳгоранд. Мисол 20 -30 назоратчӣ тамоми бозорҳоро назорат карда наметавонад. Назоратчии № 1 истеъмолкунанда аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи истеъмолкунандагон» ба истеъмолкунандгон- шаҳрвандон ҳуқуқ додаст, ки моли хушсифатро озодона интихоб намоянд, талаб намояд ваколатҳои тамдиди молу маҳсулотро, масъалагузорӣ намоянд, ва дар ҳолати зарурӣ ба мақомоти дахлдор арз намоянд. Дар ин масъала мошинҳои назорати хазинавӣ нақши муассир мебозанд. Мутаасифона, имрӯз на ҳамаи нуқтаҳои савдо бо мошинҳои назорати хазинавӣ таъмин мебошанд. Ин яке аз воситаҳое ҳаст, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро ҳимоя ва таъмин менамояд. Истеъмолкунанда аснои харидани маҳслулот бо гирифтани чек дар сурати вайрон ё мӯҳлати истифодаи маҳсулот гузаштагӣ бошад, ҳуқуқҳои худро бештар ҳимоя карда метавонад. Дар қонун омадааст, ки набудани чек ин маънои онро надорад, ки истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда наметавонад нобаста аз он ки чек ҳаст ё нест дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқаш истеъмолгар ба сохторҳои дахлдор муроҷиат карда, аз ҳуқуқаш дифоъ намояд. Оё ҳангоми аз ҷониби назоратчиён риоя нагардидани тартибот дар бозорҳо нисбаташон ягон чора андешида мешавад? Дар баъзе бозорҳо он назоратчиёне, ки нисбати фаъолияти худашон беэътиноӣ зоҳир мекарданд, дар масъалаи назорат накардан ба қаторҳои савдо, тартиби ҷобаҷогузории маҳсулот ва дар ҷойҳои номуайян ҷо кардани фурӯшандаҳо нисбати чандин чунин назоратчиён мо ҷарима низ бастем. Мисол нисбат ба назоратчиёни бозорҳои Ваҳдат, Ҷилликӯл, Қубодиён, Турсунзода. Албатта дар соҳаи савдо мутахассиси ботаҷриба кам ба назар мерасад. Зеро омӯзишҳо нишон доданд, ки қариб 70 % мутахассисони соҳа нестанд. Агар мутахассиси ботаҷриба бошад қоидаи қабули, мол, ҷобаҷогузорӣ, фурӯш, тарзи нигоҳ доштани моли вайроншавандаро аз рӯи меъёр риоя намуда, нисбати кораш масъулият дарк менамояд. Вақте, ки мутахассиси соҳа нест ӯ аз қабули мол, нигоҳдорӣ ва фурӯши он ба хатогӣ роҳ дода, қоидаҳои савдоро риоя намекунад. Ин ба камбудиҳое оварда мерасонад, ки имрӯз дар бозорҳо вуҷуд доранд. Яъне маҳсулоти бемаълумот, мӯҳлати истеъмолияш гузаштагиро ба фурӯш мебароранд. Имрӯз фурӯшандаҳои мо маҳсулотро сифатан ва миқдоран дуруст қабул карда, баъд ба мардум аз рӯи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ пешниҳод созанд. Фӯрӯшандаҳое, ки чандон нозукиҳои савдоро намедонанд масалан, ҳасиби бемаълумотро, ки дар лифофааш на санаи истеҳсол, истеъмол вуҷуд надорад, ба фурӯш мегузоранд. Ин ҳасиб мисол 10-15 ё 30 рӯз мӯҳлати истеъмолӣ дошта бошад, мутаасифона он истеҳсолкунанда мӯҳлат намондааст. Дар кадом мӯҳлат савдо мешавад он маълум нест. Ин зумра фурӯшандаҳо бо рафторашон ба истеъмолкунадагон зиён мерасонанд. Чун соли 2009 бо ташаббуси роҳбарияти «Тоҷикстандарт» Cоли ба танзимдарории бозори истеъмолӣ эълон карда шудааст, ин иқдомро сармашқи кори худ намудаем. Ҷиҳати ба танзим даровардани бозори истеъмолӣ бо роҳбарони бозорҳо, духтурон, назоратчиён, бо мардум, ки ба савдо машғуланд корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Умед аст, ки дар оянда бо андешидани чораҳои зарурӣ он камбудию норасоиҳо дар ин самт бо тадриҷ роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт. Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».