ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БА НОМИ БЕҲЗОД БА БИНОИ НАВ МЕКӮЧАД
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Душанбе, бинои нави Осорхононаи миллии ба номи К. Беҳзод сохта мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд. Бинои нав дар қисмати шимолии Қасри миллат дар ҳудауди бозори «Баракат» ҷой мегирад. Сардори раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳром Иззатов иттилоъ дод, ки аллакай 7 лоиҳаи ангорӣ барои сохтмони бинои осорхона ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст. 6 лоиҳаро пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии сохторҳои агентӣ таҳия намуда, 1- тои он аз тарафи лоиҳакашони Фаронса пешниҳод шудааст. Б. Иззатов илова намуд, ки баъди интихоб намудани лоиҳаи беҳтарин, сохтмони ин бинои фарҳангӣ оғоз меёбад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






