ОЗМУН БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар мавзӯи «Унсурҳои саломатӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам» озмуни маҳфили ҳозирҷавобонро дар се давра — ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ доир намуд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилооъ доданд, дар озмун дастаҳо аз ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Дарвоз, Тоҷикобод, Ҳамадонии вилояти Хатлон, Хуросон иштирок доштанд. Озмун аз панҷ шарт саломнома, тақлид, саҳначаи бадеӣ, барномаи мусиқӣ, саволу ҷавоб иборат буд. Бо ризогии ҳакамон дастаи ноҳияи Ҳамадонӣ ҷои аввал, дастаи шаҳри Турсунзода ҷои дуюм, ноҳияи Тоҷикобод ҷои сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони озмун аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофонида шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






