ПЕШНИҲОДИ СУДЯИ СУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУР&#
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 1июл, таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, парванда аз рӯи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шӯҳрат Шодиев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзид. Инчунин дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, намояндаи Президенти кишвар дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисону коршиносони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Шӯҳрат Шодиевро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба принсипи ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан асос ёфта, он ба таҳкими бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, афзалияти тарбияи кӯдакон ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила равона карда шудааст. Аз ин рӯ, моддаи 17-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳарро манъ менамояд. Бо назардошти афзалияти тарбияи кӯдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди тарбия, дастгирии моддию рӯҳии модар дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди он, ғамхорӣ нисбати модару кӯдак ва рушду камоли онҳо қабулгардида, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро поймол намекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






