ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ПОЯИ МАҶМААИ МЕЪМОРИИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ГУЛЧАНБАР МЕГУЗОРАД
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- Президенти Латвия Валдис Затлерс имрӯз барои боздиди расмии давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Вай баъди фуруд дар майдони ҳавоии пойтахт ва анҷоми маросими истиқболаш ба Майдони марказии «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф хоҳад овард. Меҳмони олиқадр дар ин ҷо ба нишони эҳтироми давлатдории тоҷикон ба пояи маҷмааи меъмории нахустин асосгузори давлати мутамарказонидашудаи тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар хоҳад гузошт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президенти Латвия имрӯз бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот хоҳад кард.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






