РОҲҲОИ ҚИСМАТИ ҒАРБИИ ДУШАНБЕ ДАР АРАФАИ АЗНАВСОЗИСТ
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба азнавсозии се кӯчаи пойтахт- Соҳилӣ, Соҳилӣ- Ҷанубӣ ва Алишери Навоӣ тадбир андешид. Мувофиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавию оғози корҳои сохтмонии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ», «Сохтмони роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ-Ҷанубӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то пайваст ба кӯчаи Неъмат Қарабоев» ва «Азнавсозии кӯчаи А.Навоӣ (аз бурриши кӯчаи Б.Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ») ба Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе иҷозат дода шуд. Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашии иншоотҳоро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва қоидаи меъёрҳои сохтмонӣ -шаҳрсозӣ иҷро намуда, ба сохтмону азнавсозии роҳҳо баъди дастрас намудани хулосаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намояд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






