САФАРИ ОМЎЗИШИИ НАМОЯНДАГОНИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ БА ХУҶАНД

Июль 1, 2009 15:51

                   Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 1 то 5 июл барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушод — Бунёди Мадад»-и Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани технологияи кредитӣ дар ҷараёни таълими мактабҳои олӣ бо истифодаи ТИК» сафари омўзишӣ ва мизи мудаввар ташкил мекунад.                  Мақсади асосии ин чорабиниҳо мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи татбиқи технологияи кредитӣ дар ҷараёни таълими мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо истифодаи барномаҳои компютерӣ мебошад.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷомеаи Кушод — Бунёди Мадад» хабар доданд, дар чаҳорчўбаи сафари омўзишӣ шиносоӣ бо татбиқи технологияи кредитӣ дар ҷараёни таълими ФХ ДТТ ва хусусиятҳои фаъолияти он, инчунин омўхтани: системаи иттилоотии ФХ ДТТ, аз ҷумла системаи таъмини дохилии сифат ва кори мустақилонаи донишҷўён дар шароити системаи кредитии таълим ба нақша гирифта мешавад.                Дар мизи мудаввар намояндагони мактабҳои олӣ дастовардҳои ФХ ДТТ-ро дар татбиқи системаи кредитӣ дар ҷараёни таълим ва имкониятҳои паҳн намудани ин таҷрибаро дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ муҳокима менамоянд. ИҶК — БМ дар Тоҷикистон эълон намудани озмунро барои барномаҳои беҳтарини компютерӣ бо мақсади татбиқи минбаъдаи онҳо ва ташкили системаи иттилоотиро дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст.  

Июль 1, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид