САФАРИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ АФҒОНИСТОНУ ПОКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Июль 31, 2009 10:19

                      Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафари расмии серӯзаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ ба Тоҷикистон 30 июл бо имзои ҳуҷҷатҳои гуногуни ҳамкорӣ ба охир расид. Президенти Покистон бегоҳии 30 июл ба ватан баргашт.                      Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки зимни сафари Осаф Алии Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи равнақу ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ, барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дар давраи солҳои 2009 — 2012, протоколи мубодилаи тасвибнома роҷеъ ба тасвиби созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи дастгирӣ ва ҳимояи сармоягузорӣ, созишномаи ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду мамлакат имзо карда шудаанд. Сарони ҳар ду давлат дар бораи кушодани роҳи ҳавоӣ дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод, инчунин намояндагии Бонки миллии Покистон дар Душанбе паймон намуданд. Ҳамчунин масъалаи тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор гирифт.                     30 июл мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Афғонистон Ҳамид Карзай, Покистон Осаф Алии Зардорӣ ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Баъди гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар се мамлакат изҳороти муштараки сарони ҳар се давлат дар бораи ҳамкорӣ имзо карда шуд.                     Дирӯз инчунин боздиди кории Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ба Тоҷикистон анҷом ёфт. Зимни сафари Ҳ.Карзай дар Тоҷикистон Протоколи Ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи ворид сохтани тағйирот ба созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005 ва меморандуми ҳусни тафоҳуми вазоратҳои кишоварзии ҳар ду мамлакат дар бораи ҳамкорӣ ва андешидани тадбирҳо дар мубориза ба муқобили малах, ҳашароти дигари зараррасон ва бемориҳои наботот ба имзо расиданд.                     Президенти Афғонистон зимни сафар дар маросими гузоштани хишти аввали бинои сафоратхонаи мамлакаташ дар шаҳри Душанбе иштирок намуд. Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони бинои сафоратхона як гектар замин ҷудо кард.Ҳамид Карзай низ бегоҳии 30 июл ба ватан баргашт.                                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А.

Июль 31, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад