ШАРТНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ ИҶРО НАМЕГАРДАНД

Июль 3, 2009 10:53

                  Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 38 корхонаю муассисаҳо ҳуқуқвайронкуниҳои меҳнатию иҷтимоӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз», Корхонаи воҳиди давлатии мусофиркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶДММ «Чжунда» ва боз даҳҳо муассисаю корхонаҳо шартҳои шартномаҳои коллективии ба имзо расидаро иҷро накарданд. Коргарон бошанд, бо ин васила аз кафолатҳои иловагии меҳнатӣ бенасиб гардиданд.                 Дар 44 корхонаву ташкилот шартномаҳои коллективӣ хусусияти қолабию рӯякӣ дошта, дар мақомоти меҳнат ба қайд гирифта нашудаанд.  

Июль 3, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид