ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи якуми соли 2009 бо назардошти сектори хусусӣ дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 13 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи тавлидкунандаи молҳои саноатӣ 4 миллиону 483,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 25 ба 39 адад расид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин муддат заводҳои «Таъмири механикӣ», «Пахта», «Қисмҳои эҳтиётии Ҷасур», «Матбаа», «Соҳили обод» хуб меҳнат намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 — 5 баробар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр 3210,5 метри мукааб керамзит, 2 миллиону 472 ҳазор нусха бланкаҳо, 3216 кг банд, 569 рулон симтур, 1 миллиону 599 ҳазор дона хишт, 88, 1 тонна нон ва маҳсулоти қаннодӣ, 799 тонна орд, 1650 тонна ангишт. 10 ҳазор метри тӯлонӣ трубаи полиэтиленӣ, 1556 мукааб шағал, 3591 мукааб рег ва 36 тонна арматур истеҳсол карда шудааст. Аз коркарди пахтаи ҳосили соли 2008 дар 6 моҳи сои ҷорӣ 104,9 тонна нахи пахта, 172,5 тонна тухмӣ, 5,6 тонна линт, ва 2,7 тонна улюк истеҳсол карда шудааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






