СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ЗИЁД ГАРДИД

Июль 16, 2009 13:28

                     Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Дилловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ — 280583,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин муддат 145697 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22175 метри мураббаъ зиёд аст.                     Бояд тазаккур дод, ки масоҳати умумии биноҳои истиқоматии ба истифодадодашуда дар вилояти Суғд — 72618 метри мураббаъ ё 49,8 фоиз, дар вилояти Хатлон — 52336 метри мураббаъ, шаҳри Душанбе -12202 ва НТҶ — 8541 метри мураббаъ ё 5,9 фоизро ташкил додаст.                     Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва қисми зиёди онро аҳолӣ месозад, онҳо дар давоми моҳҳои январ — майи соли ҷорӣ 128914 метри мураббаъ ё 88,5 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифоа додашударо сохтаанд.

Июль 16, 2009 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид