СОХТМОНИ ПУЛИ МОШИНГАРД ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Июль 1, 2009 14:32

                  Рашт, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов). Таҷдиди сохтмони даври дуюми роҳи байни Душанбе-Ҷиргатол бомуваффақият давом дорад. Дар баробари сохтмони роҳ инчунин сохтмони пули мошингузари болои дарёи Сурхоб, ки ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро мепайвандад, кор босуръат давом дорад.Чор сол боз бо сабаби офати табиӣ ин пул хароб гардида, рафту омад барои мардуми ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол мушкилоти зиёдеро пеш меоварад, зеро ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи Нимич-Ҳоит-Сайрон сурат мегирифт.                 Айни ҳол сохтмони кӯпрук идома дошта, дарозии он 210 метр бараш 10,5 метру, борбардориаш 150 тоннаро ташкил медиҳад, гуфт муҳандис Бахтиёр Афзалшоев аз ширкати «Кордно». Ҳоло 70 фоизи кори сохтмону васлкунии пул ба сомон расидааст.  Сохтмончиён ният доранд, ки онро дар арафаи ҷашни Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода диҳанд.  

Июль 1, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд