ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Президенти Латвия Валдис Затлерс 11 июл барои боздиди 3 рӯза ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ин сафари нахустини расмии сарони мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика ба Тоҷикистон баъди мустақил гардидани он мебошад. Қайд карда шуд, ки президенти Латвия зимни сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар гузаронида мешавад. Дар фарҷоми он силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда мешаванд. Дар ҳайати намояндагони Латвия гурӯҳи калони соҳибкорон ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо дар мулоқот бо ҳамкасбони тоҷики худ ширкат хоҳанд кард. Хабар дода мешавад, ки президенти Латвия инчунин ба шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Хуҷанд хоҳад рафт. Сафари мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон мехоҳад барои содироти маҳсулоти худ аз бандарҳои Латвия истифода барад, гуфт роҳбари раёсати иттилооти ВКХ Давлат Назриев. Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали соли 2009 ба Латвия сафари расмӣ анҷом дода буд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Латвия соли 1994 ба роҳ андохта шуда буданд. Аз 1 июни соли равон сар карда, ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкати ҳавонавардии «Айр Балтик» аз Рига ба Душанбе парвоз менамоянд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






