ТОҶИКИСТОН «БОҒИСТОН» МЕШАВАД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то 1-уми июни соли 2009 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 5182 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» 3,5 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 1833 гектар мевагиҳои тухмдор, 2840 гектар донакдор, 334 гектар мағздор ва дар 175 гектар меваҳои субтропикӣ шинонда шудааст. Дар ин давра, дар 1029 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,3 фоиз зиёд аст. Аз миқдори умумии токзорҳои нав 146 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд гардидааст. Ғайр аз ин 1533 гектар боғ ва 379 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд. Бо чунин суръат пеш бурдани боғу токпарварӣ Тоҷикистонро ба «Боғистон»-и ҳақиқӣ табдил медиҳад, ки он мақсади рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






