ВКХ ТОҶИКИСТОН МУБОҲИСАРО ДАР БОРАИ ЗАБОН ШАРҲ МЕДИҲАД

Июль 31, 2009 16:06

                   Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар» — Российская газета ). — Дар арафаи сафари кории Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммавии Русия як навъ баҳсу мунозираи дорои хусусияти фарҳангӣ ба миён омад. Дар Маскав роҷеъ ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 20 — солагии қабули Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» ва муроҷиатномаи ӯ ба парлумони мамлакат дар бораи ҳар чӣ зудтар қабул намудани Қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори ҳайрат ва нобоварӣ карда шуд. Ин ҳуҷҷат забони тоҷикиро забони ягонаи муошират бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ муқаррар менамояд. Минбаъд танҳо ба забони давлатӣ ҳуҷҷатҳо таҳия карда ва маълумот ба даст оварда мешавад, ҳол он ки дар Тоҷикистон аз соли 1989 сар карда, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар гардида буданд.                    Ёвари Президенти Русия Сергей Приходко дар робита изҳор намуд, ки ин проблемаи он қадар душвор нест ва дар Русия сабаби ба миён омадани ташвиши ҷиддӣ намегардад. Вале ба ҳар ҳол бояд ин масъала шарҳ дода шавад. Ба боқӣ мондани забони русӣ дар Тоҷикистон бештар худи тоҷикон манфиатдоранд, зеро агар дар Тоҷикистон аз истифодаи забони русӣ даст кашанд, ягон мардикори тоҷик дар Русия кору зиндагӣ карда наметавонад, гуфт С.Приходко.                   Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо талаби Маскав ин масъаларо шарҳ дода, изҳор намуд, ки нақши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ гирифтааст ва онро то имрӯз касе бекор накардааст. Дар Кремл қабл аз сафари Д.Медведев ба Душанбе ишора карда шуд, ки зимни мулоқоти президентҳои ҳар ду мамлакат ин масъала ба миён гузошта хоҳад шуд. Вале ёвари Президенти Русия баъдан зикр намуд, ки Маскав дар ин бобат ба Душанбе ягон даъво надорад. Зеро шарҳи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Русияро комилан қонеъ гардондааст.                   Агентии дигари иттилоотӣ СА — НЮС менависад, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳароҳи Президенти мамлакат дар Душанбе қарор дорад ва изҳор кардааст, ки дар ин масъала шарҳи ҷониби Тоҷикистонро интизор аст. Вале ёвари Президенти Русия зикр намуд, ки дар ин масъала додани ягон шарҳу эзоҳ зарурат надорад. Зеро Президенти Тоҷикистон қотеъона зикр намуд, ки забони русӣ дар мамлакат мисли пештара дар ҳамаи соҳаҳо истифода бурда мешавад. Қайд карда шуд, ки ҷараёни ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ бояд дар асоси қонун ба низом дароварда шавад ва ин хусусияти табиӣ дошта, кори дохилии давлати Тоҷикистон мебошад.                  Қайд кардан лозим аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиши ҳамаҷонибаи забони русӣ тадбирҳои самарабахш меандешад. Дар Тоҷикистон теъдоди мактабҳое бисёранд, ки дар онҳо ба забони русӣ таълим дода мешавад. Русия кӯшишҳои Тоҷикистонро дар ин самт дастгирӣ намуда, мактабҳои Тоҷикистонро бо китоб таъмин намуда, маҳорати муаллимони забони русиро такмил дода ва дар Тоҷикистон филиалҳои мактабҳои олии худро мекушояд. Тарҷумон — Қудратов А.   

Июль 31, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд