ВОЙ БАР ҲОЛИ ЧУНИН ҲИЗБ!
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар»). — Ассалому алайкум! Мо донишчуёни донишгоҳи "Ал-Азҳар"- и Миср бо изҳори эътимод ва сипос аз Шумо хоҳиш дорем номаи ҷавобии моро вобаста ба мусоҳибаи М.Кабирӣ, ба табъи хонандагон расонед, то ҳамагон аз ҳақиқати хол огоҳ бошанд. Бо сипосу эҳтиром гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик. Рӯзномаи навтаъсиси «Пайкон»-ро яке аз дӯстон барои мо аз Душанбе ба Миср овард. Албатта аз он ки боз як рӯзномаи наве дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ба миён омадааст, хурсанд шудем. Аммо вақте дар ин рӯзнома мусоҳибаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро вобаста ба мақолаи мо «Ҳадафи ҲНИТ чист?» бо хабарнигор Аҳлиддин Салимпур хондем, ба андеша фурӯ рафтем. Зеро маълум аст, ки мусоҳибаи мазкур фармоишӣ буда, А.Салимпур онро мувофиқи дастури худи ҲНИТ тартиб додааст. М.Кабирӣ изҳор кардааст, ки дар Миср бо донишҷӯён вохӯрдааст ва гӯё назари мусбии онҳоро нисбати мусоҳибаи худ бо «Алҷазира» фаҳмидааст.Шояд вай бо якчанд нафар ҷонибдорони худ, ки аз манфиаташ бархурдоранд, дар Миср мулоқоте карда бошад. Лекин аз нуқтаи назари садҳо нафар донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи «Ал-Азҳар», ки бо вай вонахӯрдаанд, бехабар аст. Албатта бо шабакаи телевизионии «Алҷазира» мусоҳиба кардан барои раиси ҲНИТ ифтихор аст. Вале бояд андешид, ки мазмуни мусоҳиба то чи андоза ба манфиати Тоҷикистон буда, ба ваҳдати миллати мо мусоидат мекунад. Дар акси ҳол он аз худнамоӣ ва таблиғи як ҳизбе бештар нест. Ростӣ мо дар мақолаи худ чанд назари хешро баён карда, гумон надоштем, ки ба ҷаноби М.Кабирӣ ин қадар сахт таъсир мекунаду вай ақидаи як гурӯҳ донишҷӯёнро ба идораҳои марбут ва муборизаҳои сиёсӣ нисбат медиҳад. Ба андешаи мо агар ба идораҳои марбут даркор бошад, мустақиман бо ҳар ҳизб ё нирӯи дигаре сару кор мегиранд. Чизи дигареро ҳам таъкид карданием, ки риояи одоби сиёсӣ ва эҳтироми сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон бояд ба таври ҳамешагӣ бошад, на танҳо рӯзи ҷашни он. Аз ин хоти,р хубтар аст, то фаъолияти мо доимӣ барои таҳкими сулҳу ваҳдат равона гардад, на ин ки бо суханҳои баланд ва рӯякӣ аз ин арзишҳо ёд кунем. Ва агар мо хоҳем, ки дар Ватанамон ваҳдати ҳақиқӣ устувор бошад, пас бояд ҷомеаи Тоҷикистонро ба табақаҳои «болову» «поён» ҷудо накунем. Ба хонандагон маълум аст, ки дар мақола назари мо оиди фаъолияти ҲНИТ иброз гардида буд, на он тавре ки М.Кабирӣ ва хабарнигор — А.Салимпур онро ба ҳамаи нирӯҳои сиёсии кишвар нисбат додаанд. Вале агар ҲНИТ масъулиятшиносу мӯътадил бошад, ба хонандагони газета, яъне мардуми Тоҷикистон, ишораи бо эътироз ба майдон баромаданро намекунад. Дар хусуси харида шудани ҲНИТ шунидаем, лекин худи М.Кабирӣ аниқ нагуфтааст, ки он аз тарафи кӣ харида шудааст. Шояд аз ҷониби охундҳои эронӣ харида шуда бошад? Дар ҳоле ки тамоми мардуми Тоҷикистон худашон шоҳиди ҷанги шаҳрвандианд, онро ба миллат нисбат додан кори ноҷавонмардона ва бемасъулиятист. Охир ба ҳамагон маълум аст, ки дар сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон киҳо даст доштанд. М.Кабирӣ иброз доштааст, ки гӯё танҳо дар як кишвар, яъне Тоҷикистон барпо кардани давлати озоди миллӣ номумкин аст ва иштибоҳи марҳум Нуриро дар ҳамин мебинад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ҳоло дар Тоҷикистон давлати озоди миллӣ мавҷуд нест? Ё вай ҳамчун раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагон ба мавҷудияти чунин давлат шубҳа дорад? Дар бораи таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешию ҷавонгароӣ сухан гуфтан хуб аст, лекин бояд дар амал чунин рафтор кард. Агар хоҳем, ки ҷавонон дар ҳақиқат сари кор оянд, пас ақидаи онҳоро ба ҷойи таҳқир эҳтиром кардан даркор аст. М.Кабирӣ бо овардани рақамҳо исбот карданӣ мешавад, ки сафи ҲНИТ дар ҳоли афзоиш аст. Аммо то ҷойе ба мо маълум аст, муддати 10 соли охир дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳизби мазкур дорои таъсиру мавқеи ҷиддие нагардидааст ва ҳануз як гурӯҳакеро мемонад. Албатта барои пешрафти фаъолияти ҳизбҳо дар Тоҷикистон шароит муҳайё гардидааст. Ҳамагон медонанд, ки дар ин самт кишвари мо нисбат ба дигар давлатҳои минтақа хеле пешрафтааст. Дигар аз худи ҳизбҳо ва ҷолибияти фаъолияти онҳо вобаста мебошад, ки то кадом андоза муваффақ мегарданд. Аммо дар мусоҳиба таъкид шудааст, ки гӯё дар Тоҷикистон сари аъзоёни ҲНИТ фишор меоварда бошанд. Тавре ки ба мо маълум аст, пушидани сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон озод будааст. Ҳолатҳои манъи он ба қоидаҳои дохилии мактабҳо ва муассисаҳои алоҳида марбут аст. Вале дар мусоҳибаи М.Кабирӣ ин мавзӯъ тавре шарҳ ёфтааст, ки онро хориҷиён ва шахсони берун аз кишвар метавонанд нодуруст фаҳманд. Аз хориҷа ба ҲНИТ расидани маблағҳо як кори муқаррарӣ гардидааст. Дар ин замина фаъолияти ҳизби мазкур дуҷониба мебошад. Яъне ҲНИТ масалан, ба фаластиниҳо кумакпулӣ фиристода, дар баробари ин аз ташкилоту созмонҳои муайяни кишварҳои арабӣ ва Эрон мунтазам ёрии моддӣ мегирад. Масъулони ҳизб дар ин самт хеле моҳирона фаъолият доранд ва маблағҳоро на ба таври мустақим, балки тавассути ҳар гуна фонду сандуқҳои хайрия мегиранд. Ҳарчанд роҳбарияти ҳизб мехоҳад ин амалҳояшро пинҳон нигоҳ дорад, вале тавре мегӯянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Дар ин маврид робитаи ҲНИТ-ро бо узви Шӯрои «Ихвон ул муслимин» Ҳамод Рақит ёдовар шудан мумкин аст, ки пайваста ба масъулини ҳизби мазкур кӯмаки моддӣ мерасонад. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби созмонҳои Ќатар, Кувейт ва дигар кишварҳои арабӣ низ ба онҳо мерасад. Вале дастгирии асосии моддиро ҲНИТ бо сабаби вобастагии худ, аз ҷониби Эрон мегирад. Мо дар номаи худ оиди маблағҳо ибрози назар намуда, танҳо кӯмакҳои хайрияро дар назар надоштем, зеро вазифаи ҳизби сиёсӣ таҳия ва пешниҳоди барномаҳо барои пешрафти кишвар ва мусоидат ба рушди он мебошад. Ба ҷаноби Кабирӣ мерасонем, ки мо донишҷӯёни дур аз Ватан ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро талбанда номидан аз рӯи инсоф нест. Зеро аҳолии кишвар на аз ҳисоби хайри хориҷиёну сиёсатбозии ҳизбҳо, балки бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиашро таъмин менамояд ва ҳоло медонад, ки дар парлумон ҷой гирифтани ҲНИТ барояш суде надорад. М.Кабирӣ тавре вонамуд мекунад, ки гӯё сабаби аз ҲНИТ дилсард шудани ҷавононро намедониста бошад. Дар ин маврид мо фақат як мисол меорем. Тобистони соли 2007 дар Туркия бо ташаббуси ҲНИТ як ҳамоиши намояндагони ҷавонони тоҷике, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд ва ҷонибдори ҳизбанд, доир гардида буд. Дар ин ҳамоиш масъулини ҲНИТ, аз ҷумла, Маҳмадсаид Ѓаниев аз созмонҳои исломӣ маблағи калони пулӣ гирифта буданд ва онро тибқи қарордод бояд барои пешрафти ҷавононе, ки пайрави ҳизбанду дар хориҷа таҳсил доранд, сарф мекарданд. Муттаасифона, куҷо шудани ин маблағҳоро фақат худи М.Ѓаниев ва дигар масъулини ҲНИТ медонанд. Баъди чунин рафтори масъулин чи тавр чавонон дилсард нашаванд? Дар охир бо таасуф иброз медорем, ки ҲНИТ наметавонад бо чунин фаъолияти худ дар ояндаи наздик муваффақ гардад. Бо чунин тарзи фаҳмишу корбарӣ на танҳо манфиати аҳолии Тоҷикистон, балки тарафдорони худашро низ ҳимоя кардани ин ҳизб аз эҳтимол дур аст. Аммо аламовараш он аст, ки ҲНИТ зери парчами ислом баромад мекунаду худро ҳомии дину имон медонад, вале дар асл манфиатҳои ғаразнокашро пиёда месозад. Албатта ин амалҳо фардо ҷавобгарӣ хоҳад дошт. Вой бар ҳоли чунин ҳизб! Бо эҳтиром, гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи «Ал-азҳар»