ҒАЛАБАИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ»

Август 24, 2009 15:49

                    Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Рӯзҳои 22-23 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувваозмоиҳои ниманиҳоии дастаҳои футболбозони мамлакат бургузор гардид. Дар он дастаи «Истиқлол»- «Регар-ТадАЗ» ва «Энергетик»-«ЦСКА» қувваозмоӣ карданд. Аз ҷумла 23 август дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и ноҳияи Турсунзода қувваозмоӣ карданд. Қувваозмои бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар қувваозмоии дигар дастаи «ЦСКА» дастаи «Энергетик»-ро бо ҳисоби 0:2 мағлуб кард.                   Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бозии ҷавобӣ рӯзи 29-30 август баргузор мегардад.                   Ёдовар мешавем, ки дар соли равон барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонии Тоҷикистон-2009 9 даста мубориза мебаранд.

Август 24, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад