ҲАДАФУ ВАЗИФАҲОИ МАШҚ БА ДАСТ ОВАРДА ШУДАНД

Август 31, 2009 10:39

                 Маскав, 31 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 28 август зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳадафу вазифаҳои асосии даври аввали машқи муштараки СААД ба даст оварда шуданд.                  Вай зикр намуд, ки гурӯҳҳои зудамали давлатҳои аъзои созмон, котибогт ва ситоди муттаҳидаи СААД ба вазъияти ҳарбию сиёсии минтақаи таҳти назорати созмон баҳои дуруст доданд. Онҳо пешниҳодҳои мақомоти оинномавии созмон, Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи Шӯрои котибони амният ва ғайраро сари вақт ба ҳисоб гирифта аз рӯи онҳо хулосаҳои дуруст бароварданд. Дар ҷараёни машқ масъалаҳои ҳамкории котибот, ситоди муттаҳидаи созмон, гурӯҳҳои зудамали вазоратҳои мудофиа ва сохторҳои дигар бомуваффақият ҳал карда шуданд.                 Н.Бордюжа зикр кард, ки даври дуюми машқ дар қаламрави Белорусия гузаронида мешавад. Дар даври сеюми он, ки дар ҳудуди Қазоқистон баргузор мегардад, ҷузъу томҳои Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ширкат меварзанд.                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А.

Август 31, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд