«АМАЛИЁТИ БАЧАГОН»
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар давоми ҳафт моҳ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки кӯдакону наврасон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ 73 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 7 нафар ба ҳалокат расида, 72 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуотии БДА подполковники милитсия Шерафган Латифов, бо мақсади пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ бо саршавии соли хониши 2009-2010 бо супориши Раёсати бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе аз 25 август то 10 сентябри соли ҷорӣ «Амалиёти бачагон» гузаронида мешавад. -Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ, мусоидати мудирони шӯъбаҳои маориф, роҳбарони мактабҳо, аҳли ҷамоатчигии пойтахт хоҳиш карда шудааст, — иброз дошт Шерафган Латипов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






