АЗ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН ДАРОМАДЕ НЕСТ
Бадахшон, 14 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Бадахшон минтақаи дорои имконият ва захираҳои бои сайёҳии ҷумҳурӣ аст, вале кор дар ин соҳа ҳанӯз самарабахш ба роҳ монда нашудааст,- мегӯяд сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Расо Раҷабов. Ҳар сол сайёҳони зиёд аз Бадахшон дидан мекунанд, вале даромад аз ҳисоби саёҳати онҳо ба буҷаи вилоят дохил намегардад. Тибқи иттиллои шӯъбаи ба қайдгирӣ ва раводиди Раёсати корҳои дохилии вилоят давоми соли равон 816 сайёҳ дар шӯъба сабти ном шудаанд. Садри Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят мегӯяд, ки омили асосии бенизомии ин кор дар он аст, ки 95 дар сади онҳо сайёҳони инфиродӣ, яъне сайёҳонеанд, ки саёҳати худро худашон таъмин мекунанд. Онҳо қабл аз вориди Бадахшон шудан дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон ба хотири сафар ба Помир иҷозатнома мегиранд. Беҳтар мебуд, ки сайёҳон бевосита ба муассисоти сайёҳӣ муроҷиат намоянд, он гоҳ ба буҷаи вилоят ҳар сол маблағи муайян ворид мегардад. Имрӯз дар вилоят 7 корхона ба туризм сару кор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






