АЪЗОИ «ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ» МАҲКУМ КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — 10 август таҳти раёсати судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Расулов мурофиаи судӣ баргузор гардид. Дар он панҷ узви созмони муддаиёни «Ҷамоати таблиғ» ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Аз ҷумла, Насриддин Муродови 25 — сола ва Маҳмуд Муҳаммадхоҷаеви 41 — сола барои ташвиқоту тарғиботи оммавии бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати шаш солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Се нафари дигар — Саидакрам Ҳақдодови 35 — сола, Ҳидоятулло Олимови 37 — сола ва Зиёулҳақ Ҳақдодови 21 — сола ба мӯҳлати се солӣ ҳабс карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони зикршуда 6 апрели соли равон дастгир шуда буданд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои Ваҳдат, Қумсангир, Рӯдакӣ ва Файзобод ба ташвиқоту тарғиботи ғайриқонунӣ машғул гаштанд. Шахсони номбаршуда, қабл аз ин дар мактабҳои махсуси динии Эрону Покистон таҳсил кардаанд. Ёдовар мешавем, ки фаъолияти «Ҷамоати таблиғ» дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ карда шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






