АЪЗОИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОР ҲАБС КАРДА ШУДАНД

Август 4, 2009 08:49

                 Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон мувофиқи моддаи 187 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои узвияташон дар гурӯҳи ҷинояткор ба ҳабс гирифта шуданд. Суди олии ҷумҳурӣ дар ин бора 31 июл ҳукм баровард. Роҳбари дафтари матбуоти Суди олӣ Ҳазратулло Иброҳимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки синни маҳкумшудагон 21 — сола буда, панҷ нафарашон ба мӯҳлати 8 сол ва як нафар ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.                 Ҳ.Иброҳимов зикр намуд, ки шахсони мазкур моҳи феврали соли равон баъди бозгашташон аз Афғонистон дастгир карда шуданд. Онҳо дар ин ҷо дар яке аз мактабҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон таҳсил мекарданд.  

Август 4, 2009 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд