БЕНЁМИН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 14 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Баъди моҳи шарифи Рамазон овозхони ҷавону шинохтаи эронӣ Бенёмин Баҳодурӣ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матуботи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ороста иттилоъ дод. Ҳунарманди маъруфи мусиқии попи эронӣ Бенёмин зимни сафари ҳунарии худ ба Тоҷикистон дар «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ду консерт дидори мухлисони сершумори худро шоду мамнун мегардонад. А. Ороста зикр кард, ки сафари ҳунарии Бенёмин Баҳодурӣ ба Душанбе бо ибтикори яке аз ширкатҳои ҳунарии фарҳангии ин кишар ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад. Бояд зикр кард, ки Бенёмин ҳунарманди ҷавон буда, соли 1982 дар Теҳрон таваллуд шуда, дар сини 16-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ менамояд. Дар 19 солагиаш ба гитарнавозӣ ва эҷоди оҳангҳои марғуб оғоз менамояд. «Гулҳои рангинкамон», «Бӯи муҳаррам» ва «85» аз албомҳои беҳтарини Бенёмин мебошанд. Бенёмини Баҳодурӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Олмон ва Белгия сафари ҳунарӣ намудааст. Сурудаҳои Бенёмин дар Тоҷикистон, бахусус дар байни ҷавонон маҳбубияти хоса дорад. Ин аст, ки ӯ бо сафари нахустини ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






