БОЗДОШТИ БОЗ 120 КИЛО ГЕРОИН
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ, ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди нуқтаи таъмини сӯзишвории ноҳияи Спитамен 4 адад халтаи полиэтиленӣ маводи сахттаъсири героин, ки вазни умумиаш 92 кг 183 гр ва 26 адад халтаи полиэтиленӣ низ ба вазни умумии 30 кг 323 граммро, ки ба шаҳрванд Комил Сулаймонов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Варзоб тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ, автомашинаи тамғаи «Таyоtа – RAF4» рақами давлатиаш ЕЕ 41 74 РТ 01, ки ба шаҳрванд Абдуҷаббор Амиршоев, соли таваллудаш 1957, тааллуқ дошт, дастгир карда шуд. Ҳангоми аз назар гузарондани автомашинаи номбурда ба миқдори 13 кг 922 гр афён, 4 кг 198 гр гашиш, 1,3 гр героин, ки вазни умумиашон 18 кг 121 граммро ташкил медод, мусодира гардид. Маводи номбурда ба мусофири автомашинаи мазкур, сокини шаҳри Душанбе Далер Ҳабибови 27 сола мансуб буд. Нисбати ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






