ДАР АЛМААТО МАДРАСАИ «АБӮ ҲАНИФА» КУШОДА ШУД

Август 12, 2009 12:05

                   Алмаато, 12 август. (АМИТ «Ховар» — Сентразия. ру). — 10 август дар назди Раёсати динии мусулмонони Қазоқистон мадрасаи «Абӯ Ҳанифа» кушода шуд. Дар он танҳо писарон таҳсил мекунанд. Таҳсил дар мадраса 1 сентябр оғоз меёбад. Шарти асосии қабул ба мадраса хеле хуб донистани китоби муқаддаси Қуръон ва хондани намоз мебошад.  Роҳбари Муфтиёти олии Раёсати динии мусулмонони Қазоқистон Абдусаттор қозӣ Дарбисалӣ ба мухбирон гуфт, ки тибқи нақша дар мадраса бояд 50 донишҷӯ таҳсил кунад. Аммо имсол бо сабаби набудани ҷои истиқомат дар хобгоҳ ҳамагӣ 20 нафар қабул карда мешавад. Фаъолияти мадраса аз ҳисоби маблағҳои хайрияи Масҷиди марказии Алмаато таъмин карда хоҳад шуд. Оянда дар мадраса 60 фани динӣ ва 40 фани дунявӣ омӯхта мешаванд.                   Айни ҳол дар Алмаато Донишгоҳи исломӣ фаъолият дорад. Хатмкунандагони беҳтарини он барои таҳсил ба Донишгоҳи « Алазҳор» — и Қоҳира фиристода мешаванд, гуфт Абдусаттор қозӣ Дарбисалӣ. Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 12, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд