ДАР СУҒД БАРОИ ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ ХУК ЧОРАҲО АНДЕШИДА МЕШАВАНД

Август 12, 2009 15:56

                          Хуҷанд, 12 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Хадамоти назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирӣ аз вуруди эҳтимолии бемории зукоми хук ба вилояти Суғд, ки ахиран ҷомеаро нигарон кардааст, дар фурӯдгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан нуқтаҳои муоинавӣ кушода аст.                           Муовини сардухтури хадамоти назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд Насибҷон Икромов гуфт, ки баҳри пешгириии бемории навъи А Н1N1, ки дар байни мардум бештар ба номи зукоми хук маъруф аст, дар миқёси вилояти Суғд чораҳои муҳим роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди хадамоти назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори сардухтури хадамоти назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Дар асоси қарори мазкур дар истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯдгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ нуктаҳои санитарии карантинӣ бо мақсади пешгирии воридшавии эҳтимолии бемории сироятии навъи А Н1N1 таъсис ёфтааст.                        Мавриди зикр аст, ки айни ҳол ин беморӣ дар миқёси вилоят ба қайд гирифта нашудааст.  

Август 12, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад