ДАР ВАНҶ ГАРМХОНАҲО БА КОР ДАРОМАДАНД

Август 31, 2009 11:09

                 Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сарменеҷери лоиаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳои Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусии хоҷагиҳо Нарзимурод Холов, дар ҳавзаи дарёи «Ванҷоб» аз рӯи бахшҳои лоиҳаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси се компонети фаъолият 35 ҳазору 450 нафар аҳолӣ дар 6 ҷамоат ба шуғли меҳнат фаро гирифта шудаанд.               То 1 — уми августи соли 2009 аз рӯи 198 адад зерлоиҳаҳо дар ҷамоатҳои Язгулом, Водхуд, Рохарв, Жовид, Техарв ва Рованд қариб тамоми аҳолӣ ба шуғли меҳнат ҷалб карда шуданд.                Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, маблағи умумии зерлоиҳаҳо 619 ҳазору 426 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 487 ҳазору 82 доллараш маблағҳои грантӣ мебошанд.                Барнома танҳо аз рӯи компонети А — 1 (рушди истеҳсолоти кишоварзӣ), ки аз 59 зерлоиҳа иборат мебошад, 512 хоҷагӣ бо ҷалби 4152 нафар аъзо ба кори занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ ва картошкакорӣ ҷалб карда шудаанд. Аз рӯи компонети мазкур, 5053,8 ҳазор доллар бо ҷалби 2 зерлоиҳа оид ба ташкили гармхонаҳо дар масоҳати 0, 036 га замин мавриди истифода қарор ёфт.                Ҳоло 17 хоҷагӣ, ки аз 138 нафар аъзо иборат мебошад, дар ин гармхонаҳо ба парвариши сабзавот машғуланд.  

Август 31, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд