ДАР ЯК СОЛ 540 ҲОДИСАИ ХУДКУШӢ

Август 11, 2009 15:20

                   Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз бо иқдоми муассисаи давлатии «Рӯзномаи «Баҳори Аҷам» ва дастгирии Вазорати фарҳанг дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» баргузор гардид. Дар он иштирокчиён дар бораи масъалаҳои марбут ба омилҳои даст ба ҷони худ задани одамон ва мубориза бо ин амали нангини ҷомеа баҳсу андешарониҳо намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки сол то сол дар Тоҷикистон ҳодисаи даст ба худкушӣ задан зиёд шуда истода, бахусус, дар шаш моҳи охир ин зуҳуроти номатлуб дар вилояти Суғд бештар мушоҳида шуд. То нимаи дуюми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 153 нафар ба чунин ҳодисаи нангин даст задаанд. Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар соли 2008, 540 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки 56% онро занҳо- духтарҳо ташкил медиҳанд. Соли 2007 шумораи мардҳои ба худкушӣ дастзада аз занҳо зиёд буданд.                   Ҳамчунин, зикр гардид, ки яке аз омилҳои номаълум мондани сабабҳои ҳодисоти даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин ҳамкорӣ надоштани наздикону пайвандони гирифтори ҳодиса бо мақомотҳои прокурорӣ ҳангоми санҷишҳо мебошанд. Баъзе санҷишҳо маълум мекунанд, ки сабабҳои асосии ба худкушӣ даст задании шаҳрвандон ин бемории руҳӣ, шароити гарони иҷтимоӣ ва муноқишаҳои оилавӣ мебошанд. Бинобар иттилои намояндандаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Маърифат Шокирова 38% занҳои тоҷик дар натиҷаи моҷароҳҳои оилавӣ сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд.                  Доктори илмҳои равоншиносӣ Даврон Муҳаммадиев қайд намуд, ки мутаассифона, солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар соҳаи тиб духтурони равоншинос намерасанд ва то ҳол дар муассисаҳои таълимии мо ягон шӯъбае, ки мутахассисонро оид ба худкушӣ тайёр кунанд, вуҷуд надорад.                   Маърифат Шокирова иброз дошт, ки имрӯз дар 31 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маркази бӯҳронии шашмоҳа таъсис дода шудааст, ки дар роҳи пешгирии ҳодисаҳои сӯиқасд ба ҷони худ саҳмгузор мебошад.  

Август 11, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад