ДАРОМАДИ АҲОЛӢ 4,5 ФОИЗ ЗИЁД ШУД

Август 12, 2009 09:24

                      Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи давлатии омор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки даромади аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4046,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 13, 9 фоиз зиёд шудааст.                     Хароҷотҳои пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар нисолаи якуми соли ҷорӣ 4299 млн. сомониро ташкил дод. Аҳолӣ барои хариди мол ва пардохти хизматрасонӣ 59,7 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ мутобиқан 24,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳоро сарф кардааст.                     Даромади ҳақиқии дар ихтиёр доштаи аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 4,5 фоиз зиёд шудааст.                     Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор , ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст 277, 24 сомониро ташкил дод.  

Август 12, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд