ДОВАРОНИ ҚУВВАОЗМОИҲОИ ХОТИМАВИИ МУСОБИҚА ТАЪИН ГАРДИДАНД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Доварони асосии қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи байналхалқӣ барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё таъин карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа аз 25 то 27 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода баргузор мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Лим Вэйго аз Чин ва Руканта де Силва аз Шри — Ланка комиссарони ин қувваозмоиҳо таъин гардиданд, Пир Анпрасерт аз Таиланд инспектори гурӯҳҳои доварон таъин карда шуд. Дар қувваозмоиҳои ниманиҳоии мусобиқа дастаҳои «Регар — Тадаз» — и Тоҷикистон, дастаи «Вапда»- и Покистон, «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон ва «Ашқобод» — и Турманистон ширкат меварзанд. Дар ин қувваозмоиҳо Навоф Шукрулло аз Баҳрайн, Алиризо Фғаонӣ аз Эрон, Андрей Алҳаддод аз Лубнон, Владислав Сейтлинг аз Ӯзбекистон, Ёсир Тулафот аз Баҳрайн, Муртазо Каримӣ аз Эрон, Аҳмад Алқаввос аз Лубнон ва Рафаэл Илёсов аз Ӯзбекистон доварӣ хоҳанд кард.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






