ДУ ШӮЪБАИ БЕМОРХОНА БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУДАНД
Бадахшон, 1 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Бо кӯмаки пулии Дирексияи сохтмонии дастгоҳи Президенти кишвар ду шӯъбаи беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон комилан таъмир ёфта, ба қабули беморон оғоз намуданд. Тавре сардухтури беморхона Утаканбек Темурбеков гуфт, ки дар ду соли охир симои беморхона ба куллӣ тағйир ёфта, беморхона дар ибтидои соли 60-уми қарни гузашта бунёд гардида, тӯли 50 сол рӯи таъмирро надида буд. Соли гузашта бо кӯмаки Президенти кишвар ба хотири таъмири асосии беморхона 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо ин маблағ ҳар ду шӯъбаи беморхона хушсифат таъмир шуданд. Ҳоло ба хотири фаъолияти мӯътадили табибони шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхона тамоми шароит муҳайё гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






