ЭРОН БО АБЭА БА ҚАДРИ КОФӢ ҲАМКОРӢ НАМЕКУНАД
Теҳрон, 24 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Эрон ҳафтаи гузашта ба гурӯҳи коршиносони Агентии байналмилалии энергияи атом иҷозат дод, ки баъзе иншоотҳои ядроии онро тафтиш намояд. Бо вуҷуди ин агентии хабаргузории Райтер бо истинод ба намояндаи маъмурияти ИМА хабар медиҳад, ки Эрон бо агентии мазкур ба қадри кофӣ ҳамкорӣ намекунад. Коршиносони агентӣ ҳафтаи гузашта бо фаъолияти корхонаи тавлидкунандаи оби вазнин дар шаҳри Ароқи вилояти марказии Эрон шинос гардиданд. Намояндаи Қасри Сафед зикр кард, ки бо вуҷуди ин Эрон ҳамаи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намекунад. ИМА ва мамлакатҳои дигари Ғарб Эронро гунаҳкор менамоянд, ки бо баҳонаи истифодаи мусолиматомези энергияи атом аслиҳаи ядроӣ месозад. Шӯрои амнияти СММ Эронро вазифадор карда буд, ки аз истеҳсоли урани тоза даст кашад. Вале Теҳрон ҳамаи ин даъвоҳоро рад намуда, изҳор мекунад, ки аз қувваи атом танҳо барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мебараду халос. Намояндагони шаш давлати миёнарав — Олмон, Чин, ИМА, Фаронса, Британия ва Русия охири моҳи апрел ба Эрон пешниҳод карданд, ки барои муҳокимаи барномаи ядроии худ бори дигар сари мизи маслиҳату машварат нишинад. Сарони давлатҳои ҷаҳон ният доранд, ки проблемаҳои ядроии Эронро 24 — 25 сентябр зимни мулоқоти роҳбарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар шаҳри Питсбург мавриди муҳокима қарор диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






