ФАЪОЛИЯТИ «АДРА ИНТЕРНЕЙШНАЛ» ҚАТЪ КАРДА ШУД
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолияти созмони амрикоии "Adra International" — ро дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард. Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран ин созмони амрикоиро ба таблиғоти ғайриқонунии мазҳабӣ муттаҳам карда, ба додгоҳ шикоят бурда буд. Давлат Сулаймонов, раиси бахши сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт ки ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳоди ин вазоратро барои манъи фаъолияти " Adra International " пазируфтааст.Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар халномаи худ зикр кардааст, ки " Adra International " зидди оинномаи худ ба таблиғоти оини масеҳӣ машғул буда, қонунҳои Тоҷикистонро поймол кардааст. Аммо масъулони созмони амрикоии " Adra International " ин даъворо беасос мехонанд. Масъулони дафтари ин созмон дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки аз ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ ба мақомоти болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Бояд гуфт, ки Созмони амрикоии "Adra International" даҳ сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва асосан ба расондани кӯмакҳои башардӯстона машғул мебошад. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони "Adra International", ин созмон барои омӯзиши забони англисӣ ва компютер ба кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат ташкил ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки дар чанд соли ахир фаъолияти бархе аз созмонҳои байналмилалии кӯмаккунанда дар Тоҷикистон, ки дар баробари фаъолиятҳои башардӯстонаи худ ба таблиғи дини масеҳӣ машғул мешаванд, ба мавзӯъи доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бар асоси манбаъҳои ғайрирасмӣ дар пайи фаъолияти чунин созмонҳо бархе аз сокинони ин кишвар, ки дар гузашта пайравони ислом буданд, ба масеҳият гаравидаанд. Бояд гуфт, ки то кунун фаъолияти се созмони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба далели таблиғи дини масеҳӣ манъ карда шудааст. Ҳамзамон, Вазорати адлияи Тоҷикистон ин созмонҳоро ба фаъолиятҳои "берун аз оиннома" ва саркашӣ аз додани маълумот дар бораи фаъолияти худ айбдор медонад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






