ФАЪОЛИЯТИ СААД ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 20 август дар шаҳри Маскав бо иштироки Муншии умумии СААД Николай Бордюжа маҷлиси Шӯрои доимии СААД баргузор гардид. Дар маҷлис лоиҳаи ҳуҷҷатҳое баррасӣ шуданд, ки ҳадафи онҳо беҳтар сохтани фаъолияти СААД дар соҳаи ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбию техникӣ мебошад. Шӯрои доимӣ, аз ҷумла маҷмӯи ҳуҷҷатҳоеро муҳокима намуд, ки ба иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз 4 феврали соли 2009 «Дар бораи қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таҷилӣ» равона карда шудаанд. Протоколи тартиби ташаккул ва фаъолияти қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи созишнома дар бораи мақоми қувваю воситаҳои мазкур, лоиҳаи низомномаи тартиби қабул ва иҷрои қарорҳои дастаҷамъӣ барои истифодаи қувваю воситаҳои зикршуда аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳокимашуда мебошанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






