ГУСТАРИШИ ДӮСТӢ
Бадахшон, 1 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ду рӯзи ҳафтаи ҷорӣ маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ ба макони баргузории фестивали байналмилалӣ, зери унвони «Фарҳанг ва табиат рукни устувории ҳаёти мост» мубаддал гардид. Дар фестивал намояндагони давлатҳои ба мо ҳамсояи Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ширкат варзиданд. Мурод аз баргузории ин чорабинии басо хотирмону бошукӯҳ эҳё ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда шуд. Раиси шаҳр Мулкамон Назаралиев дар ифтитоҳи он иброз дошт, ки баргузории фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ ба густариши ҳамкориҳои на танҳо фарҳангӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар самтҳо заминаҳои навро муҳайё месозад. Дар фестивал маҳсулоти ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон аз сангҳои қимматбаҳо, дастовардҳои барномаи идоракунии устувори захираи табиат дар доираи равобити дуҷониба миёни олимони Тоҷикистон маҳсули дастони пурэҷози ҳунармандон аз чарм, чӯб, асбобҳои мусиқии қадимаи ниёгон ба маърази тамошобинон гузошта шуданд. Дастаҳои ҳунарӣ санъати миллиашонро пешкаши бинандагон намуда, ҳар як баромади онҳо аз ҷониби ҳаводорони савту суруд ба хушнудӣ истиқбол карда шуд. Иштирокдорони фестивал аснои баргузории он бо ҳамкасбони худ аз мамолики ҳамсоя дӯстӣ пайдо намуда, робитаҳои минбаъдаашонро маҳз тавассути баргузории чунин чорабиниҳо мустаҳкам менамоянд.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






