ХАБАРРЕЗА
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз ширкати «Тетрис Петролеум» ба таври расмӣ дар майдони «Комсомол – 200» — ки дар қисми шимолӣ — шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба пармакуниии чоҳҳои газу нафт оғоз кард. ***Федератсияи Русия дар соли 2009 беш аз 200 млн. тонна ғалла ба хориҷ содирот карданист. *** Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов барои таҷдиди кӯпруки 144 метраи роҳи оҳан аз болои Амударё супориш дод. *** Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз Алма-ато карантин оид ба вируси зукоми А/Н1N1 бардошта шуд. *** Вазорати корҳои хориҷиииҶумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир намудани қушунҳои низомии Ф. Русияро дар ҷануби Қирғизистон барои кишвараш номувофиқ хонд. *** Дар вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон 17 нафар мубталоёни бемории «сӯхтанӣ» бистарӣ карда шуданд. Ин минтақа карантин эълон карда шудааст. ***Дар Тошканд ҷаласаи шӯрои идоракунандаи Бонки осиёгии Рушд ба кори худ шурӯ кард. *** Президенти Туркманистон ва Вазорати корҳои хориҷии Покистон ҳавасмандии худро дар бораи сохтмони газопроводи Туркманистон – Афғонистон – Покистон — Ҳиндустон изҳор намуданд. *** Қабули имтиҳони ягонаи ҷумҳуриявӣ дар Қирғизистон боиси кам шудани масъулияти устодон ва сифатан беҳтар шудани ҳайати донишҷӯён дониста шуд. *** Федератсияи Русия назоратро бо мақсади авҷгирии бемории вабо дар сарҳади Чин пурзӯр намуда, сафари шаҳрвандонашро ба инҷо муваққатан қатъ намуд. *** Дар Тайланд тайёра ҳангоми фурудоӣ ба манораи майдони ҳавоӣ бархӯрд, сарнишин ва як нафар мусофир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Дар ин садама шаҳрвандони Осиёи Миёна ва ФР ба қайд гирифта нашудаанд. *** Барои хомӯш кардани сӯхтор дар қисмати ҷанубии Франсия 300 техника ва ҳазорон нафар низомиён сафарбар карда шудаанд. *** Дар қисмати шарқии Тоҷикистон бародарони сардори гурӯҳи ҷинояткори ҳалокшуда Неъмат Азизов дастгир шуданд ва се махфигоҳи яроқу аслиҳаро ошкор намуданд.