ХОНАҲОИ НАВ ДАР АЙНӢ
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова).- Боз як оилаи зарардида дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон соҳиби хонаи нав шуд. Барои оилаи серфарзанди Ҳикмат Сайфуллоев Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи чорҳуҷрадор бо тамоми таҷҳизоти лозима сохта тӯҳфа кард. Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлиси умумӣ қарор қабул карда шуд, ки 50% маоши ҳармоҳаи коргаронро барои кӯмак ба ҷамоати Айнӣ ва сохтмони хона барои як оилаи серфарзанд мебахшанд. Сохтмони хона моҳи июни соли 2009 оғоз гардида, то 1 август анҷом ёфт. Барои сохтмони хона ва харидани асбобу анҷоми он 101492 сомонӣ сарф шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






