ИДИ АСАЛ ВА САЙРИ ХАРБУЗА
Хуҷанд, 10 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати кишоварзӣ ва Иттиҳодияи занбӯрпарварони вилоят 8 август дар чорбоғи фарҳанги ба номи Камоли Хуҷандӣ иди асал ва сайри харбуза баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳамон рӯз дар ин ҷо 35 тонна харбуза ва 40 тонна асал ба фурӯш гузошта шуд. Инчунин, иштирокчиёни ид истеҳсолкунандагони харбузаи беҳтарин ва асали беҳтаринро муайян карданд. Дар озмун сабзавоткорони ноҳияи Спитамен ғолиб омаданд. Унвони истеҳсолкунандаи асали беҳтарин насиби занбӯрпарварони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Шаҳристон, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов гардид. Ба онҳо мукофотҳои хотиравӣ супорида шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сайри харбуза дар вилояти Суғд бори нӯҳум ва иди асал дар ин ҷо бори чорум гузаронида мешавад. Ҳамон рӯз инчунин дар маркази вилояти Хатлон натиҷаҳои озмуни занбӯрпарварони беҳтарин ҷамъбаст карда шуд. Дар он раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки солҳои охир соҳаи занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асал дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон босуръат густариш меёбад. Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ҷои аввал ба занбӯрпарварони ноҳияи Данғара сазовор дониста шуд. Ҷои дуюмро занбӯрварони ноҳияи Ёвон ва ҷои сеюмро занбӯрварони ноҳияи Бохтар ишғол намуданд. Акнун ғолибони озмунҳои занбӯрварони вилоятҳои Суғду Хатлон 15 август дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






