ИМЗОИ ПРОТОКОЛ
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 10 август дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои протоколи ҳусни тафоҳуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Ҳуҷҷатро раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Қодир Акбар имзо карданд. Баъди анҷоми маросими протокол ҳар ду ҷониб қаноатмандии худро аз рушди соҳаҳои савдо ва иқтисодиёт баён карданд. Қайд карда шуд, ки мулоқотҳои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикитону Афғонистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамкории соҳибкорони ҳар ду кишвар муттасил густариш меёбад. Дар хотима ҳар ду ҷониб изҳор карданд, ки ҳамкории корхонаю муассисаҳои хусусии ҳар ду кишварро давом диҳанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






