ИСҲОЛИ ХУНИН ДАР ХОРУҒ
Бадахшон, 26 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Исҳоли хунин вақтҳои охир дар шаҳри Хоруғ авҷ гирифтааст. Аз 17-ум то 23 -юми август ба дармонгоҳи марказии шаҳри Хоруғ 124 нафар мариз муроҷиат карданд, ки дар байнашон 5 нафар кӯдаки то яксола ва 24 нафар то 14 сола ҳастанд. Тавре мудири шӯъбаи тандурустии вилоят Пайкармо Алиёрова иттилоъ дод, аз байни 124 нафар танҳо 13 нафар бо бемории исҳоли хунин гирифтор шудаанд. Сабаби бемории дигарон истеъмоли сабзавоту меваҷоти пастсифат, инчунин тарбуз мебошад. — Гап дар сари он аст, ки дар аксарият бозорҳои шаҳри Хоруғ, аз ҷумла бозори марказӣ сабзавоту меваҷот дар ҳавои кушод зери офтоби гарм савдо карда мешавад ва пайдост, ки сабзавоту меваҷот дар гармӣ зуд вайрон мешавад, — гуфт, Пайкармо Алиёрова.








Имрӯз дар дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд






