КӮМАКИ 37 МАМЛАКАТ БА ТОҶИКИСТОН

Август 18, 2009 16:22

                 Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали сол 37 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 54,3 миллион долари ИМА, бештар аз 57,6 ҳазор тонна кӯмаки хайрия расидааст.                Дар 7 моҳи охир ба Тоҷикистон дар шакли кӯмаки башардӯстона 23,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 10,4 миллион доллари ИМА, 2,4 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 2,1 миллион доллари ИМА, инчунин доруворӣ ба маблағи 20,6 миллион доллари ИМА ворид гашт.               Дар байни давлатҳои мададгори Тоҷикистон ИМА мақоми аввалро ишғол менамояд, ки 35,4%-и кӯмаки умумии ба Тоҷикистон расонидашуда саҳми ИМА мебошад. Дар ин масъала ҷойҳои минбаъдаро Русия, Латвия ва Қазоқистон ишғол менамоянд.

Август 18, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд