КӮМАКИ 37 МАМЛАКАТ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали сол 37 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 54,3 миллион долари ИМА, бештар аз 57,6 ҳазор тонна кӯмаки хайрия расидааст. Дар 7 моҳи охир ба Тоҷикистон дар шакли кӯмаки башардӯстона 23,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 10,4 миллион доллари ИМА, 2,4 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 2,1 миллион доллари ИМА, инчунин доруворӣ ба маблағи 20,6 миллион доллари ИМА ворид гашт. Дар байни давлатҳои мададгори Тоҷикистон ИМА мақоми аввалро ишғол менамояд, ки 35,4%-и кӯмаки умумии ба Тоҷикистон расонидашуда саҳми ИМА мебошад. Дар ин масъала ҷойҳои минбаъдаро Русия, Латвия ва Қазоқистон ишғол менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






